Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши шабномаҳо бо даъвати таъсиси Қирғизистони нав


Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар ҷануби Қирғизистон бо пахши шабномаву дискҳо аз мардум даъват мекунанд, бо раҳбарии раиси ҷумҳури пешин Қурмонбек Боқиев, “Ҷумҳурии Демократии Қирғизистон” таъсис бидиҳанд. Дар ин шабномаҳо, ки дар шаҳри Ош ва атрофи он паҳн карда шудаанд, бо ситоиши Қурмонбек Боқиев аз ӯ хоста шудааст, ки фавран ба Қирғизистон баргардад. Кафили раиси Кумитаи Амнияти Миллии Қирғизистон гуфтааст, ки ин кори дасти гурӯҳҳои тарафдори Қурмонбек Боқиев аст, ки ӯ ҳоло дар Ҷумҳурии Белорус қарор дорад ва гуфтааст, ки истеъфои худро эътироф намекунад.
XS
SM
MD
LG