Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкиди Иттиҳодияи Аврупо барои наҷоти Юнон


Бо авҷ гирифтани нигарониҳо аз густариши бӯҳрони молӣ дар Юнон, Хосе Мануэл Барросо, раиси Кумиссиёни Аврупо, гуфт, аъзои Иттиҳодияи Аврупо ва Бонки Марказии Аврупо дар азми худ барои “кафолати амният” дар ҳавзаи воҳиди пули евро собитанд. Баъди бознигарии қудрати Юнон дар бозгардонидани қарзҳои хориҷиаш, арзиши саҳҳом дар бозорҳои молии ҷаҳонӣ поён омад ва арзиши евро ҳам дар баробари доллар ба андозае поён рафт, ки тайи як соли ахир мушоҳида нашудааст. Рӯзи сешанбе, ниҳодҳои нозир гуфтанд, қудрати Юнон дар бозпардохти қарзҳояш ба ҳадди поёнтарин расидааст ва тавоноии Португалия ҳам дар ин замина заъифтар шудааст. Доминик Страусс Кан, мудири Сандуқи Байналмилалии Пул ва Жан Клод Тришет, мудири Бонки Марказии Аврупо, имрӯз дар Берлин қарор доранд, то Олмонро мойил кунанд, ки саҳми худ дар кӯмаки молӣ барои Юнонро ихтисос диҳад. Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул қасд доранд, барои наҷоти Юнон аз бӯҳрони молӣ ба ин кишвар 60 миллиард евро қарз бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG