Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми маорифи Тоҷикистонро ислоҳ мекунанд


Порлумони Тоҷикистон имрӯз қонун “Дар бораи маориф”-ро ислоҳ кард, ки бар асоси он низоми таҳсили умумӣ дар кишвар 12-сола хоҳад шуд. Ислоҳоти мазкур то соли 2016 идома мекунад ва Тоҷикистон аз соли оянда, аз шашсолагӣ бачаҳоро ба мактаб мепазирад. То кунун танҳо бачаҳои ҳафтсола барои таҳсил ба синфҳои ибтидоӣ пазируфта мешуданд ва низоми таҳсил дар макотиби умумӣ ҳам 11 сол аст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, гузариш ба низоми нави таҳсили 12-сола барои рушди соҳаи маориф, боло бурдани сифати дониши муҳассилин дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG