Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини мудири Бонки Ҷаҳонӣ ба Душанбе меояд


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки имрӯз Филлип Ле Эйру, муовини мудири Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, имрӯз бо сафари дурӯзае вориди Тоҷикистон мешавад. Арзёбии тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун яке аз масоили аслии гуфтӯгуи ин намояндаи баландпояи Бонки Ҷаҳонӣ бо мақомоти Тоҷикистон хоҳад буд. Ин ниҳоди молӣ дар арзёбии коромадӣ ва таъсироти эҳтимолии нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба вазъи муҳити зист дар Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунад ва гуфтааст, ширкати Бонки Ҷаҳонӣ дар такмили сохтмони Роғун танҳо баъди анҷоми арзёбӣ ва таъйиди коромадӣ ва манфиатовар будани нерӯгоҳ матраҳ хоҳад шуд. Ӯзбакистон мегӯяд, дар сурати бунёди сарбанд барои нерӯгоҳи Роғун мардуми кишварҳои поёноб обӣ кофӣ барои обёрӣ нахоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG