Пайвандҳои дастрасӣ

Муколамаи ғайрирасмии солонаи Осиёи Марказӣ ва Аврупо


Таҳаввулоти Қирғизистон ба меҳвари аслии муколамаи ғайрирасмии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел табдил шуд. Дар ин ҳамоиш вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон, Туркманистону Ӯзбакистон ва Қазоқистон ва ё муовинони онҳо ширкат мекунанд.

Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, саъй хоҳанд кард, то ҳимояти кишварҳои минтақаро дар амри аз системи президентӣ ба системи порлумонӣ гузаштани Қирғизистон ба даст оранд.

Таваҷҷӯҳ ба Қонуни нави асосии Қирғизистон

Ҳамоиши солонаи Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ имсол ба ҳамоиши минтақавӣ дар мавриди сарнавишти ояндаи Қирғизистон табдил шуд. Агарчӣ Иттиҳодияи Аврупо ба ҳайси миёнҷӣ амал намекунад, аммо муштоқи гузариши нарми сиёсӣ дар Қирғизистон аст, ки баъди шӯридани мардум дар авоили ҳамин моҳ, ҳукуматаш суқут кард.

Ҳамоишро Мигел Ангел Моратинос, вазири умури хориҷаи Испониё, мизбонӣ мекунад ва аз Қирғизистон Руслан Қазоқбоев, иҷрокунандаи мақоми вазири умури хориҷа ба Брюссел омадааст. Як мақоми Иттиҳодияи Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, таваҷҷӯҳи иттиҳодия ба он аст, ки Қонуни Асосии нави Қирғизистон мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бошад.

Ба гуфтаи ӯ, қонуни асосӣ авлавият дар ҳамоиш аст, зеро бо такмили он, сарнавишти ояндаи Қирғизистон шакл хоҳад гирифт. Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, онҳо ҳамроҳ бо Шӯрои Аврупо ниҳоди мушовир ва Кумиссиёни Венетсия аз наздик кор мекунанд ва давлати муваққати Қирғизистонро дар амри таҳияи қонунӣ асосӣ ва интихоботи моҳи октябр раҳнамоӣ мекунанд.

Вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи душанбе дар Люксембург ҷамъ омаданд, бо нашри баёнияе гуфтанд, хоҳони дидани ҳукумати демократие дар Қирғизистон ҳастанд, ки “ба қонун ва ҳуқуқи инсон эҳтиром мегузорад.” Ба гуфтаи мақомот, Иттиҳодияи Аврупо ба қасди давлати муваққати Қирғизистон мувофиқ аст, ки мехоҳад, салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро башиддат коҳиш бидиҳад.

Иттиҳодияи Аврупо хоҳони як Қирғизистони демократӣ аст. Яъне порлумонӣ?

Давлати муваққати Қирғизистон ду рӯзи пеш тарҳи Қонуни Асосиеро пешниҳод кард, ки салоҳиятҳои порлумонро васеътар карда ва аз салоҳиятҳои раиси ҷумҳур костааст. Барои қабули ин тарҳ, рӯзи 27 июн раъйпурсии умумӣ баргузор мешавад. Иттиҳодияи Аврупо барои кӯмак ба осебдидагони нооромиҳои ахир дар Қирғизистон омодагӣ мегирад, бо вуҷуди он ки созмонҳои байналмилалии имдодӣ ба ниёзҳои аввалияи онҳо расидагӣ кардаанд.

Дар дарозмуддат Иттиҳодияи Аврупо омода будааст, то мушовиронашро дар амри ислоҳоти сохторӣ дар ҳукумати Қирғизистон ба ин кишвар бифристад. Зимни суханронӣ дар порлумони Аврупо Пйер Моррел, фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва ҳоло фиристода дар Қирғизистон гуфт, ин иттиҳодияи қасд надорад, ки давлати муваққатро эътироф кунад, аммо мойил аст, то авзоъи шикананда дар онҷо ба эътидол биёяд.

Бисёрҳизбӣ давои мушкили кланҳо

Ба гуфтаи Пйер Моррел, Иттиҳодияи Аврупо хоҳони он аст, ки қонуни асосии нави Қирғизистон аз ҳаргуна роҳи яктарафа барои ҳалли ихтилофоти дохилии кишвар парҳез кунад.

Ӯ ба тарафдории низоми милли ҳизбие сухан гуфт, ки тавонад рақобат миёни кланҳо дар Қирғизистонро фӯру нишонад, ки ҳамчун хатари бузургтарин барои минтақа боқӣ мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG