Пайвандҳои дастрасӣ

Муштзани тоҷик Ораз Афзалшоев дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни навҷавонони 17-18-сола, ки дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку ҷараён дорад, дар нахустин қувваозмоии худ пирӯзӣ ба даст овард.

Вай дар рақобатҳо дар вазни то 54 кг 28-уми апрел бар Мӯсо Раҳмон Лавсон (аз Гана) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 6:2 дастболо шуд. Ораз Авзалшоев дар даври баъдӣ 29-уми апрел бо ғолиби ҷуфти Иван Баранчук (Булғористон) – Зек Давиес (Уэлс) қувваозмоӣ мекунад.

Муштзани дигари ҷавони тоҷик Сиёвуш Зуҳуров дар вазни то 91 кг дар даври аввал 29-уми апрел бо Фабио Турчии итолиёвӣ рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ду намояндаи дигари Тоҷикистон Нодир Муҳаммадиев ва Меҳроҷиддин Каримов дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрда буданд. Нодир Муҳаммадиев дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг аз рақибаш Бежан Хуҷастии эронӣ аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 4:7 мағлуб шуд. «Гулливер»-и тоҷик Меҳроҷиддин Каримов бошад, қувваозмоиро дар вазни аз 90 кг боло ба муштзани қазоқ Давлат Мӯсобоев бо ҳисоби 1:7 бой дод.

Дар сабқати ҷаҳонӣ муштзанҳои ҷавони беш аз 100 кишвар, ҳамчунин, барои ба даст овардани роҳхатҳо ба нахустин Бозиҳои олимпии наврасон, ки аз 14-ум то 26-уми августи соли равон дар Сингапур баргузор мешаванд, мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG