Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии зиёиёни Қирғизистон аз бесарусомониҳо


Аҳли фарҳанги Қирғизистон аз қудрат барканор шудани Қурмонбек Боқиевро хуш истиқбол мекунанд, аммо бесарусомониҳо ва афзоиши дуздиву ғоратгариҳо пас аз таҳаввулоти ахир боиси нигаронии онҳо шудааст.

Майрам Дуйшекеева, ҳунарманди шоистаи Қирғизистон, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бо ифтихор аз худшиносӣ ва худогоҳии миллаташ гуфт, «маҳз худогоҳии мардум сабаб шуд, ки низоми пешин сарнагун гардид. Аммо акнун мардуми қирғиз бояд аз фарҳангу маданият, сабру таҳаммул ва қаноат кор бигирад, зеро дар акси ҳол таҳаввулоте, ки ба вуқӯъ пайваст, самараи хуб нахоҳад дод».

Майрам Дуйшекеева мегӯяд, қирғизҳо мардуми боғайрат, қавӣ ва фарҳангдӯст ҳастанд ва ҷои шубҳа нест, ки бесарусомониҳои баъд аз таҳаввулоти ахирро бурдборона паси сар хоҳад кард.

Майрам Дуйшекеева шикоят мекунад, ки дар даврони ҳукумати Боқиев масоили фарҳангии ин кишвар аз мадди назари зимомдорони ҳукумат дур монд ва бисёре аз ҳунармандони асил аз саҳнаи ҳунар берун шуданд.

"Вақте дӯконҳо ғорат мешавад, аз кадом тамаддун сӯҳбат мекунед?

Назира Тоштемрова, коршинос дар умури фарҳанг, бар ин назар аст, ки воқеаҳои ахир мисли ҳар гуна табаддулоти давлатӣ пайомадҳои нохуш низ дар пай хоҳад дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле, ки мағозаву дӯконҳои зиёд ва марказҳои тиҷорат чӣ дар шаҳри Бишкек ва чӣ дар соири вилоятҳои кишвараш ба ғорат рафт, мушкил аст аз фарҳангу тамаддун ҳарф зад.

Назира Тоштемирова афзуд, то ҳукумат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ иқдомҳои ҷиддӣ накунад, фарҳанг рӯ ба рушду нумӯъ нахоҳад овард.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, зимни суханронӣ ба мардуми кишвараш итминон дод, ки ҳукумати нав дар мавриди рушду такомули фарҳанг даст ба иқдомоти сареъ хоҳад зад.

Вазорати фарҳанг барқарор мешавад

Қодиршои Мурувват, коршиноси тоҷики муқими Бишкек, мегӯяд, ҳар вақте сиёсат ба бумбаст мувоҷеҳ мешавад, мардуми закӣ рӯ ба фарҳанг меорад. Ба таъкиди ӯ, шояд ба ҳамин далел аст, ки ҳукумати муваққати Қирғизистон бо барқарор кардани вазорати фарҳанг дар сохтори ҳукумат қасд дорад, ки ҷойгоҳи фарҳанг ва фарҳангсолориро дар ҷомеа тақвият диҳад.

Вай афзуд, «иқдоми дигаре, ки қобили таъкид аст, таъсиси вазорат дар умури ҷавонон мебошад, ки ба ин васила масоили фарҳангӣ ва ахлоқиро метавон миёни ин қишри ҷомеа густариш дод».

Як нукта, ки аҳли фарҳанги Қирғизистонро дар баробари харобкориҳои рӯзҳои ахир боз ҳам бештар ба нигаронӣ мувоҷеҳ кардааст, сар задани низоъҳои байниқавмӣ аст.

Талошҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши низоъи қавмӣ

Ҳукумати муваққати ин кишвар талош дорад, ки аз зиддиятҳои байниқавмӣ ва тақсимбандии кишвар ҷилавгирӣ кунад. Ба гуфтаи коршиносон, дар ин маврид ҳукумати муваққат бояд аз хидмати аҳли фарҳанг фаровон истифода кунад.

Назира Тоштемирова, ин коршиноси масоили фарҳанг, мегӯяд, вазъи Қирғизистон дар ҳамин ҳол ба бумбаст рӯбарӯст ва аз ин лиҳоз ҷавонон ҷиддан бояд ба фарҳанг рӯй оваранд.

Танҳо дар он сурат Қирғизистон ба пешрафтҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ комёб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG