Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи воксини зидди фалаҷи атфол дар Тоҷикистон


Аъзамҷон Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории фалаҷи атфол, бо истифода аз захоири дохилӣ 28 ҳазор кӯдаке, ки дар манобеъи сироят зиндагӣ мекунанд, ваксинзанӣ шудаанд.

Бемории мазкур, баъди 13 сол ба Тоҷикистон баргашт ва то кунун ҳафт мавриди он баъди ташхисҳои озмоишгоҳӣ таъйид шудааст. Ба гуфтаи Аъзамҷон Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, хуруҷи беморӣ дар навоҳии Қубодиён, Шаҳритус, Панҷ, Бохтари вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва шаҳри Турсунзода мушоҳида шудаааст.

Аммо ҳоло маълум нест, ки ҳамаи беморон гирифтори фалаҷи атфол ҳастанд ва ё хайр зеро, вазорати беҳдошт мунтазири натиҷаҳои натиҷаҳои ташхиси 100 намунаи дигар аст, ки барои он ташхиси мукаммал тақрибан чаҳор ҳафта лозим аст.

Аммо бо вуҷуди ин вазорати беҳдошт, барои ваксинзании 1 миллион кӯдаки то 5 сола дар Тоҷикистон омода мешавад ва ин ваксинзанӣ ба зудӣ ва аввалҳои моҳи май шурӯъ хоҳад шуд.

Дар ин амр ба вазорати беҳдошт, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал ва дигар муассисаҳои имдодӣ кӯмак мекунанд. Ин созмонҳо се миллион воксини заруриро дар ихтиёри Тоҷикистон медиҳанд.

Мусоҳибаи ихтисосии Аъзамҷон Мирзоевро бо пахш намудани иловаи зерин метавонед бишнавед:


XS
SM
MD
LG