Пайвандҳои дастрасӣ

(Тамсиле аз ниёгон дар шакли ҳозиразамон)

Ҳой, бародарон, ман харам! Балки, ним хар! Ана! Баъди ба ана ин санг бархўрданам чоряк хар!.. Чоряк харе, ки бо суръати тайёраи АН - 24 ба ҷарии бетаге мепаррам ва пас аз чанде ба поён, ба даруни дара афтида... ба арвоҳи хар табдил меёбам. Вале, бо вуҷуд, дар ин чанд дақиқаи охирини умр, бо дили пур ба шумо мегўям: М а н х а р а м!!!

Як замон харе будам, ки тамоми харон ба ман ҳасад мебурданд! Туркҳо маро бо дабдаба «корвонбошиэшак» мегуфтанд. Хари сардори корвон! Маркаби сорбон. Ман корвонҳоро аз паси худ мебурдам... Тасаввур мекунед, як хари сиёҳи назарногир, 25 - 30 уштури дукўҳонаи бузургҷуссаро аз паси худ мебарад ва онҳо ҳақ надоранд, ки «лому мим» гўянд. Хари уштуркаш! Яъне, ман бузурги бузургон будаму, танҳо ба як кас, ба соҳибам сорбон итоат мекардам. Ҳеҷ ҷои шаку шубҳа набуд, ки бузургон сухани ҳикматноки «Мискин хар агарчи бетамиз аст, Чун бор ҳамебарад азиз аст»-ро маҳз барои ман гуфта буданд.

Лекин, ҳар кор дар худ як «лекин»-е дорад. Агар, ҳатто инсонҳо дар бораи худашон «Одамизод шири хомхўрда» гўянд, пас дар бораи мо, харҳо чӣ гуфтан мумкин?.. Гап байни худамон, баъзан дар хулқу атвори ман ҳамон бетамизии харонаи азалӣ боло мегирифт...

Дар яке аз командировка... сафарҳои дур, корвонкашию сорбонбардорӣ ба дилам зад ва ман бе ҳеҷ андешаю дудилагӣ, дар байни Саҳрои Кабир, дар дили биёбон худро ба мурдагӣ задам. Вонамуд кардам, ки ҷонам ҳамин замон ё замони дигар нияти баромадан дорад. Гумон кардам, дили соҳибам ба ман сўхта, маро ба ягон уштури муттаҳами камбортар бор мекунад ва ман дар он баланди баҳузур хобида, дар бораи орзўи деринаам, дар бораи шоу-бизнес фикрронӣ мекунам. Овоз доштам. Боз чӣ хел овоз...

Дили сорбон дар ҳақиқат ба ҳоли ман сўхт. Вай ду-се халачўб кўфта, аз ҷой наҷунбидани маро диду, аз болоям фаромад, тўқумамро аз пуштам гирифт ва «паноҳат ба худо, ҷоят ҷаннат шавад.» гўён ду-се шаттаи дигар ба шикаму таги думам фароварду, ба уштури якум савор шуда, корвонашро кашида бурд.

Ман, ки ин қитъаи саҳроро хуб медонистам, пас аз дур шудани корвон, дарҳол аз ҷой хестаму, ба сўи марғзори паси теппаҳои рег роҳ гирифтам ва пас аз чанде дар ҳақиқат «ҷоям - ҷаннат» буд...

Марғзоре, ки як тараф сабзаю себарга, як тараф чашмаҳои шаффофу ях барин хунук... Хуру гард, бача. Касе пишакатро пишт намегўяд. Худат шоҳу табъат вазир... Балки боз ҳамсўҳбате ҳам доштам. Он уштуре буд, ки аз афташ бо ҳамон найранги ман аз корвони худ халос шуда гирифта буд.

Ҳозир нисфи ҷаҳон аз бекорӣ менолад. Мо бошем ҷои кори беҳтарини ҷаҳонро доштем! Корамон ҳамин буд, ки ҳарчи бештар хурем, ҳарчи бештар нўшем ва ҳарчи бештар хобем. Умуман он замоне буд, ки шаҳди... яъне алафи ҷаҳон буд ба коми мо. Дере нагузашта ба мардуми шоу-бизнес монанд шудем. Фарбеҳ, тоза... Танҳо хари бетамиз метавонад аз ҳамин хел ҷои кор ношукрӣ кунад ва ман чун хари ҳақиқӣ чунин кардам...

Боре ба уштур ибрози ақида кардам, ки нияти ба шоу-бизнес роҳ ёфта машҳури ҷаҳон шуданро дорам, бинобар ин аз ҳамин рўз сар карда машқи сурудхонӣ мекунам.

Уштур маро аз роҳ заданӣ шуда гуфт, ки «Бародар, ба додагиаш шукр куну даматро гирифта гард!», вале ман якраҳагию харигариро аз даст надода бо тамоми қувваи шиками сер наъраи, ба фикри худам, шерона задам...

Кӣ гуфт, ки аз хар сарояндаи шоу-бизнес намебарояд? Як бор ба атрофатон назар андозед! Баъди консерти аввалини тамошокардаатон мефаҳмед, ки кӣ ҳақ будаасту кӣ ноҳақ...

Хуллас ҳангосам чунон баланд буд, ки кўҳҳои рег ба ҷунбиш омаданд ва аз ҳамон вақт инҷониб онҳоро «реги равон» мегўянд.

Ҳанўз ҳангоси аввал... яъне суруди аввал ба охир нарасида, корвониён пайдо шуданд... Марғзор помоли шутурон гашта дар як лаҳза ба Чўли Малик табдил ёфт. Ба ман барои ҳанг... суруди баландам миннатдорӣ изҳор намуда, дарҳол ба пуштам тўқум заданд. Қисмати уштур низ чунин буд ва ҳарду зери бори гарон ба корвон ҳамроҳ шудем.

Сабил монад, баъди истироҳати дарозтар бор ба назарат боз вазнинтар менамудааст. Бинобар ин, баъди чанде ман найранги дар гузаштаи на чандон дур истифода бурдаи худро ба хотир оварда, худро боз ба мурдагӣ задам, вале корвонбошии хасиси мурданӣ,- «Ин хел хари фарбеҳу тозаро партофтан ҳайф аст.»- гўён маро ба пушти уштури ҳамсўҳбатам бор кард.

Ман дар болои уштур баҳузур хобида, бо кайфият орзўи шоу-бизнесро мекардам ва плани консертҳои ояндаро мекашидам... Ва ногаҳон, дар лаби ҷарии бетаҳе, ки роҳи корвон аз он ҷо мегузашт, овози уштур ба гўшам расид:
- Бародар хар, сурудхониат зўр, садоят то ҳол аз гўшам берун намеравад. Ҳоло ман бисёр мехоҳам зери навои он оҳанг як рақс карда партоям, шояд ин рақс ба ту маъқул шавад ва маро ҳам ба ҳамон шоу-бизнесат аъзо кунӣ...
- Бародар, ин номаъқулиро накун! Ба уштур рақсро кӣ мондааст?!- гўён дод задании ман ба оғози ҷунбиши каҷу килеби уштур рост омад ва худ аз худ маълум,ки сабаби ба ҷарии бетаҳ паридани ман шуд...

Ана ҳозир ман дар парвозаму бо дили пур ба шумоён мегўям:
- Бародарон, ман хара-ам! Гурс!!! Тамом. Арвоҳи хар...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG