Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати сарони кишварҳои EU барои баррасии бӯҳрон


Иттиҳодияи Аврупо аз раҳбарони кишварҳои узви созмон даъват кард, ки барои баррасии бӯҳрони молии Юнон моҳи оянда гирди ҳам оянд, ки ин бӯҳрон арзи пули воҳиди евроро таҳти хатар гузоштааст. Айни ҳол гузориш мешавад, ки Сандуқи Байналмилалии Пул масъалаи ихтисоси на 10 балки 25 миллион евро барои Юнонро баррасӣ мекунад. Ин созмон ва Иттиҳодияи Аврупо мехоҳанд, барои наҷоти молии Юнон ба ин кишвар 60 миллион евро кӯмак кунанд. Ва имрӯз дар Юнон дигарбора коршиканӣ ва тазоҳурот сар зад. Кормандони бахши фаннии радиоҳо ва омӯзгорон коршиканӣ карданд ва тазоҳургарон низ дар назди вазорати молия ҷамъ омаданд. Дар Юнон рӯзи 5 майро рӯзи коршикании сартосарӣ эълом кардаанд.
XS
SM
MD
LG