Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфтааст, матлаби нашркардаи «Миллат» бо номи «Вазорати кишоварзӣ – фасодзадатарин ниҳод», ки мунҷар ба баҳси додгоҳӣ шудааст, «бар асоси арқоми дуруст» навишта шудааст.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар конфронси матбуотияш ба хабарнигорон гуфт, бо ин мақола шинос шудааст ва ин матлаб, ба қавли ӯ, бар асоси омори дурусти Оҷонсии мубориза бо фасод таҳия шудааст.

Раиси Оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, дар ин миён аз 5 миллион сомонӣ, ки соли гузашта сохторҳои Вазорати кишоварзӣ гум кардаанд, беш аз 1,5 миллионаш ба буҷаи давлат баргардонида шудааст. Ҷаноби Саидов гуфт, дар ин маврид ба Вазорати кишоварзӣ нома ҳам фиристодааст.

Ин матлаб, ки баъдан ҷанҷолбарангез шуд, дар шумораи 49-ум аз 10-уми декабри соли гузаштаи ҳафтаномаи “Миллат” чоп шуда буд. Ба дунболи нашри он, Вазорати кишоварзӣ ба додгоҳ шикоят бурда, ба сурати умум ин матлабро тӯҳмат дар ҳаққи ин ниҳоди давлатӣ арзёбӣ карда буд.

Ба ин далел, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз додгоҳ тақозо кард, ки аз ҳафтаномаи «Миллат» барои тавҳин, ҳудуди 1 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима ситонад.

Нашрияи “Миллат” низ дар посух вазоратро ба додгоҳ кашида, хостори як сомонӣ, камтар аз ним доллар ҷаримаи рамзӣ талаб кард.

Дар мурофиаҳои муқаддамотӣ додрас аз ҷонибҳо даъват ба созиш кард, вале ҳафтаномаи “Миллат” ба созиш розӣ нашуд. Мурофиаи мавқуфмонда интизор меравад дар аввалҳои моҳи май идома ёбад.

Вазорати кишоварзӣ ва "Миллат" ба хотири халал нарасонидан ба рафти мурофиа аз вокуниш ба изҳори назари раиси Оҷонсии мубориза бо фасод худдорӣ намуданд.

Қазияҳои додгоҳии нашрияҳо

Дар аввали соли равон ҳамзамон қазияи додгоҳҳии панҷ нашрияи мустақили Тоҷикистон пеш омад.

Баҳси додгоҳӣ миёни нашрияҳои «Азия плюс», «Фараж» ва «Озодагон» ва додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди чопи ҳамзамони номаи бози адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев алайҳи ин додрасҳо ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, додситонии кулл ва Омбудсмени ин кишвар дар ҳафтаномаҳои мазкур шурӯъ шуда буд.

Дар ин нома, Солеҳҷон Ҷӯраев додрасҳои додгоҳи олии Тоҷикистон Нур Нуров ва Улуғбек Мамадшоевро дар муҳокимаи ғайримунсифона ва ноодилона ва ҳамчунин содир кардани ҳукми ғайриқонунӣ дар мавриди бархе аз парвандаҳои ҷиноятӣ ва афроди мазнун айбдор карда, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки пеши роҳи, ба гуфтаи ӯ, қонуншиканиҳо дар Додгоҳи олӣ гирифта шавад.

Додрасҳои Додгоҳи олӣ ва як додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, ки мавриди интиқоди қарор гирифта буданд, ин нашрияҳоро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашида, барои ҷуброни маънавӣ аз ин нашрияҳо 5,5 миллион сомонӣ товон талаб кардаанд.

Вале сардабирони нашрияҳо мегӯянд, чопи ин матолиб бо риояи қавонини кишвар сурат гирифтааст.

Дар пайи ин қазия созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки фишор болои мабтуоти мустақилро аз тариқи додгоҳ хотима диҳанд.

Зимнан, баҳси додгоҳии миёни нашрияҳои мустақил ва мақомоти давлатӣ низ то ҳанӯз идома дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG