Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози боздиди Николя Саркозӣ аз Чин


Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса, боздиди серӯзааш аз Чинро оғоз кард ва қарор аст, аз ҳукумати Чин бихоҳад, то аз эъмоли таҳримоти тоза алайҳи Эрон ҳимоят кунад. Николя Саркозӣ, имрӯз дар шаҳри Пекин, бо Ҳу Ҷинтао, раиси ҷумҳури Чин, дар мавриди барномаҳои баҳсбарангези Эрон гуфтӯгу мекунад. Қудратҳои ғарбӣ талош доранд, то Созмони Милал барои сарпечии Эрон аз мутаввақиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум алайҳи ин кишвар таҳримоти тоза эъмол кунад. Аммо Чину Русия ду узви доимии Шӯрои Амният, чандон мойил ба эъмоли таҳрим алайҳи Эрон нестанд.
XS
SM
MD
LG