Пайвандҳои дастрасӣ

Гузорише аз "Суқути режими пӯсидаи Қирғизистон"


Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо мегӯяд, ончӣ ки дар Қирғизистон рух дод, метавонад дар бисёре аз кишварҳои ҳамсояи он иттифоқ афтад ва бо паёмадҳои воқеъан бадтар. Созмон дар гузорише бо унвони “Суқути режими пӯсидаи Қирғизистон” навиштааст, Қурмонбек Боқиев, бо фишору саркӯбии матбуоту мухолифин ва тамоми даричаҳои эътирозро баст ва суботи зоҳириро барқарор кард, аммо натавонист, хашми ниҳонии мавҷуди ҷомеа аз ҳукуматашро контрол кунад. Роберт Темплер, намояндаи Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо, гуфтааст, ягона дарсе, ки аз таҳавуллоти 10 апрел дар Қирғизистон метавон гирифт, ин аст, ки ҳукумати худкома дар Қирғизистон нокоромадии худро собит кард ва ва ғолибан дар бақия кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам кор нахоҳад дод. Шӯридани мардум алайҳи ҳукумати Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон бо фирори ӯ аз кишвар ва бо суқути ҳукуматаш анҷомид.
XS
SM
MD
LG