Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 2 муҳоҷири кории тоҷикро дар ин кишвар ба гумони ҳамдастӣ бо гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт кардаанд.

Рауф Юсупов, сардори идораи корҳои дохилии вилояти Суғд, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳоло ҷониби Тоҷикистон бо мақомоти зирабти ин кишвар сари истирдоди онҳо ба ватан гуфтугӯ доранд.

Бар пояи маълумоти идораи корҳои дохилии Суғд, ин нафарон аз Маскави Русия гурӯҳи ҲИУ дар шимоли Тоҷикистонро раҳбарӣ ва ба он ёриҳои пуливу молӣ ироа мекарданд.

Ба гуфтаи сардори идораи корҳои дохилии Суғд, мақомоти интизомӣ шахсияти гурӯҳи 41-нафарии мансуб ба ҲИУ, ки шимоли Тоҷикистонро майдони фаъолияти ҷиноии худ қарор додаанд, дар натиҷаи тафтиши тӯлонии як гурӯҳи вижа дар соли гузашта ошкор ва барои дастгир намудани онҳо ҷустори ҷиноӣ эълон кардаанд. Вай мегӯяд, нафарони боздоштгардида раҳбарии ҳамин гурӯҳро бар уҳда доштаанд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нафароне дигар аз ин гурӯҳро низ муайян кардааст.

Аъзои гурӯҳи ҲИУ дар вилояти Суғд дар содир кардани як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла сӯиқасд ва куштори чанд корманди милиса дар Исфараву Конибодом ва Қайроқум айбдор мешаванд ва дар ин маврид парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Коршиносии маҳаллӣ Алии Бозравӣ мегӯяд, Тоҷикистон ва Русия дар мавриди боздошт ва истирдоди шаҳрвандони ҳамдигар, ки ба ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои террористӣ гумонбар дониста шудаанд, шартнома доранд ва тақозои Тоҷикистон дар мавриди ба ихтиёраш супурдани гурӯҳи муҳоҷирини кории тоҷик, ки бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи ҲИУ таъқиб мекунанд, мутобиқи он сурат мегирад.

Вале, аз нигоҳи вай, худи Русияро ҳам зери хатар рафтани амнияти дохилии худ ва густариши фаъолияти гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав дар қаламраваш нигарон кардааст. Ба хусус дар ҳоле, ки қисме аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мақоми душаҳрвандӣ доранд ва ин ба онҳо имкони фарохтари будубош ва ҳаракат дар ин кишварро медиҳад.

Ахиран сокини ноҳияи Исфара Усмон Бобоев, ки мақоми шаҳрвандии Русияро дошта, аз шаҳри Маскав баргашта буд, аз ҷониби мақомоти интизомӣ бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи ҲИУ боздошт шуд ва ба таври мармуз ҳалок гардид.

Ва мушкили дигар ин аст, ки бисёре аз муттаҳамшудагон дар робита ба ҲИУ айб алайҳи худро беасос мехонанд ва мегӯянд, ин ҷурм бар дӯши онҳо таҳти фишори мақомоти тафтишотӣ таҳмил ёфтааст.

Тоҷикистон барои бори аввал нест, ки аз Русия тақозои боздошт ва истирдоди нафарони таҳти пайгард ба гумони фаъолият дар гурӯҳҳои тундравро тақозо мекунад. Чанд сол пеш як сокини дигари вилояти Суғд, ки мақомоти корҳои дохилӣ ӯро аз раҳбарони гурӯҳи ҲИУ дар минтақа меномиданд, дар Русия аз ҷониби пулис боздошт ва ба Хуҷанд истирдод шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG