Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия созишномаи ҷанҷолбарангезро тасвиб мекунад


Қарор аст, имрӯз палатаи болоии порлумони Русия, қарордод доир ба ҳузури нерӯҳои дарёии ин кишвар дар Украинаро тамдид кунад, чизе нерӯҳои мухолифи Украина намехоҳанд. Як рӯз пеш аз ин раъйгирӣ дар Шӯрои Федератсияи Русия қарордоди мазкурро палатаи поёнии порлумони Русия ва порлумони Украина тасвиб кард. Бо вуҷуди кашмакашу гиребонгириҳои мухолифину тарафдорони раиси ҷумҳур Виктор Янукович ва тазоҳурот дар баробари порлумон эътилофи ҳукмрони раиси ҷумҳури Украина қарордоди мазкурро тасвиб кард. Бар асоси ин санад, сипоҳи нерӯҳои дарёии Русия, баъди соли 2017 25 соли дигар дар шаҳри бандарии Севастопол хоҳанд монд. Аҳзоби мухолифи Украина мегӯянд ҳукумат бо ин қарордод манофеъи миллии кишварро фурӯхтааст.
XS
SM
MD
LG