Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тааҳҳуди Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди Юнон


Ҳерман Ромпуӣ, раиси Кумиссиёни Аврупо, мегӯяд, музокирот дар мавриди қарзҳои Юнон, ҳамчунон дар маҷрои собити худ мебошад ва масъалаи бознигарии ин музокирот дар миён нест. Ӯ гуфт сарони кишварҳои ҳавзаи воҳиди пули евро 10-уми май гирди ҳам омада ва масъалаи мазкурро баррасӣ мекунанд. Айни ҳол Доминик Страус Кан, мудири Сандуқи Байналмилалии Пул, гуфт, Юнон бояд бипазирад, ки ба даст овардани ин қарзҳо барояш “дарднок ва мушкил” хоҳад буд. Рӯзи сешанбе, як ниҳоди мӯътабари нозири молӣ, эълом кард, ки қудрати Юнон дар баргардонидани қарзҳои хориҷиаш ба ҳадди поёнтарин расидааст ва чунин тавоноии Португалия ҳам заъифтар шудааст.
XS
SM
MD
LG