Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири корҳои хориҷии Чин дар сӯҳбат бо ҳамтои тоҷикаш Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки феълан бо як сафари корӣ дар Пекин қарор дорад, гуфтааст, қазияи Қирғизистон кори дохилии он ҷумҳурӣ мебошад.

Бино ба иттилои хабаргузории давлатии «Ховар», дар дидори Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ян Тзечӣ, вазири умури хориҷии Чин ҳамчунин изҳори умедворӣ шудааст, ки Қирғизистон мушкилоташро бидуни дахолате аз берун ҳал мекунад.

Ду вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин масъалаҳои марбут ба муносиботи кишварҳояшонро дар алоҳидагӣ ва дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкориҳои Шонҳой баррасӣ кардаанд. Зарифӣ ва Тзечӣ зери барномаи ҳамкориҳо миёни вазоратҳои хориҷии ду кишвар имзо гузоштаанд.

Чин яке аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфта, ва дар ин кишвар роҳҳову нақбҳо ва корхонаҳо бунёд мекунад. Табодули коло миёни Тоҷикистон ва Чин дар соли 2009 аз марзи як миллиард доллари амрикоӣ убур кардааст. Аз сатҳи феълии муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар Ҳамроҳзон Зарифӣ ва мусоҳиби дигари ӯ дар Чин, муовини вазири тиҷорат Гао Хучэн, изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Изҳори назари Зарифӣ роҷеъ ба Афғонистон

Вазири тоҷик дар Академияи ҷомеашиносии Чин низ суханронӣ карда ва гуфтааст, мушкили Афғонистон роҳи ҳиллаи низомӣ надорад. Ӯ гуфтааст, танҳо бо силоҳ дар даст вазъро дар Афғонистон ба субот овардан имконнопазир аст. Ба қавли вазири корҳои хориҷии тоҷик, кишвари ҳамсояаш бештар ба ёриҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ниёз дорад.

Зарифӣ ҳамчунин дар Чин гуфтааст, ки бар ин бовар аст, ки «Мушкили Афғонистонро бояд худи мардуми афғон ва ҳамсояҳои наздики онҳо ҳал бикунанд. Наззорати пурраи вазъ дар Афғонистон набояд ба кишварҳои дурдаст дода шавад».

Ӯ пешниҳод кардааст, ки Созмони ҳамкориҳои Шонҳой дар пешбурди тарҳҳои иқтисодӣ дар Афғонистон ва рушди зерсохтори он кишвар саҳм бигзорад.

Аз ҷумлаи ин саҳмгузориҳо кашидани хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистон ва аз тариқи Афғонистон ба кишварҳои дигар ва ҳамчунин сохтани роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан миёни кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон будааст.

Зарифӣ дар Пекин бо донишҷӯёни тоҷик низ дидор карда ва атрофи вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар бо онҳо сӯҳбат доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG