Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони неофашистиро дар Русия ғайриқонунӣ хонданд


Додгоҳи шаҳри Маскав яке аз бузургтарин гурӯҳҳои неофашистии Русияро экстремистӣ номид ва сиёсати ин гурӯҳро ҳамсанги идеологияи Адолф Ҳитлер хонда, фаъолияти онро ғайриқонунӣ эълон кард.

Расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, ки Дмитрий Демушкин, раҳбари «Иттиҳоди славянӣ», созмони неофашистии манъшуда, гуфтааст, аз болои ин қарор ба додгоҳҳои болоӣ шикоят хоҳад бурд.

«Иттиҳоди славянӣ» тақрибан, 10 сол қабл созмон ёфта, дар қатори «Ҳаракати зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ» яке аз мубтакирони роҳпаймоиҳои зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Русия ном бурда мешавад.

Мақомоти Русия мегӯянд, дар ин кишвар то 200 созмону ҳаракатҳои миллатгароёна фаъолият доранд ва шумори аъзои ин созмонҳо то ба 10.000 нафар мерасад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар Русия мегӯянд, дар соли 2009 дар Русия дар заминаи бегонаситезӣ 71 нафар кушта ва зиёда аз 330 нафар захмӣ шудаанд. Тамоюле ба назар мерасад, ки шумораи додрасон, вакилони мудофеъ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва журналистон дар байни онҳо рӯ ба афзоиш дорад.

Ду ҳафта қабл, дар маркази Маскав Эдуард Чувашов, додраси федеролии Русия, ки чандин гурӯҳҳои неофашистиро ба зиндон равона карда буд, аз ҷониби қотили зархарид кушта шуд. Дар охири соли гузашта Маскав шоҳиди боз як қатли чеҳраи саршиноси ҳаракати ғайрирасмии зидди фашистӣ, ҳомии ҳуқуқи башар Иван Хуторский гардида буд.

Аксари кулли онҳое, ки кушта мешаванд, шаҳрвандони ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ – Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон мебошанд. Ду ҳафта пеш ба хобгоҳи муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав маводи таркандаи худсоз партофта буданд, ки се муҳоҷири тоҷик аз он ҷароҳат бардоштанд.

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2009 аз Русия ба Тоҷикистон 784 тобути муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла 51 муҳоҷирзан оварда шудааст. Ин дар ҳолест, ки соле пеш аз Русия ба Тоҷикистон 681 тобут омада буд. Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, аз ин 784 нафари соли гузашта дар Русия ҳалокшуда 95 нафар аз сӯи гурӯҳҳои мухталиф ҷабран кушта шудаанд. Аз ин миён кушторҳое, ки беш аз ҳама сарусадо пайдо кардаанд, сари аз тан ҷудои Салоҳиддин Азизов ва 11 корд ба тани Хуршеда Султоноваи 9-сола мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро такон дода буданд.

Вале сарфи назар аз ин ҳама хатар ҳамасола то як миллион нафар аз мардуми Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани рӯзии хонаводаҳояшон ба бозори кори Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия мерезанд.
XS
SM
MD
LG