Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ролтон ҷойи ширчойро мегирад?


Дар замони сериву пурӣ ширчой барои мардуми Бадахшон умдатан хӯроки наҳорӣ маҳсуб мешуд, бар асари вазъи сангини иҷтимоии солҳои охир ширчой барои иддае аз хонаводаҳо ба ғизои асосии нисфирӯзӣ ва шом низ табдил гардид.

Аммо ахиран мавқеъи ширчойро дар дастархони сокинони оддии кӯҳистон ролтон танг кардааст. Бибимо Солеҳова, сокини шаҳри Хоруғ, мегӯяд, дар хонаводаашон на фақат ролтонро дар оби гарм дам карда мехӯранд, балки онро барои бомазза кардани шурбо низ истифода мебаранд.

Масъулини бархе аз макотиби шаҳр мегӯянд, истеъмоли ролтони қоқ барои бархе аз мактаббачагон ба одат табдил шудааст. Хонандагон мегӯянд, арзон ва бомазза будани ролтон боис шудааст, ки онҳо баъзан ба ҷойи пирожни ва самбуса онро мехаранд ва дар вақти танаффус мехоянд.

Бештари донишҷуён низ бар асари холӣ будани киса ва афзоиши қиммати шири хушк дар бозор, ки алҳол як килограмми он ба 20 сомонӣ расидааст, дар симои ролтони арзон наҷотдиҳандаи хешро мебинанд ва бо камоли майл онро харид мекунанд.

Фурӯшандаи бозори Хоруғ бо номи Нигорсултон мегӯяд, худаш ролтон истеъмол намекунад, аммо дар байни маводҳои ба савдогузоштааш ролтон аз ҳама серхаридор ҳаст.

Бӯҳрони молиявӣ ва хариди «ихтиёри»-и саҳмияҳо ҳамчунин сафи кормандони идораву муассисаҳоро, ки ҳангоми ғизои нисфирӯзӣ ширчойнушӣ мекунанд, афзоиш додааст. Вале баъзе ширчойнӯшҳо акнун ба ролтон бештар майл пайдо мекунанд. Ҳарчанд баъзеи дигар ширчойю нонро ғизои беҳтарини арзону безарар мешуморанд, ки маводи зарурӣ барои рафъи гуруснагиву ташнагиро дар таркибаш дорад ва мегӯянд, онҳо ҳаргиз ширчойро ба ролтон иваз карданӣ нестанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вақтҳои охир дӯстдорони ролтон аз коҳиши сифати он изҳори норизоият мекунанд. Мудири шӯъбаи тибби оилавии маркази саломатии шаҳр Азизмо Назирова баён дошт, ки ахиран ролтони сифатан паст, ки дар бештари маворид зери борон ва офтоби сӯзон ба харидорон пешкаш мешавад, ба ҳодисаҳои дилбеҳузурӣ дар байни мактабббачагон сабаб шудааст.
XS
SM
MD
LG