Пайвандҳои дастрасӣ

Чин дигар монеъи сафари ҳомилони ВИЧ намешавад


Чин дастури 20 соли пешашро, ки вуруди афроди гирифтор ба ВИЧ ва СПИД-ро ба ин кишвар манъ мекард, лағв кардааст. Ин тасмим дар остонаи ифтитоҳи Намоишгоҳи Шанхай, ки интизор меравад, миллионҳо меҳмони хориҷиро бипазирад, эълон шуд. Қаблан Амрикову Кореяи ҷанубӣ низ маҳдудиятҳои мавҷуда барои сафари мубталоён ба ВИЧ-ро лағв карданд. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун бо истиқбол аз иқдоми Чин аз кишварҳои дигар низ даъват кард, маҳдудиятҳои мавҷуда дар қиболи беморони ВИЧ-ро ҳарчӣ зудтар аз байн бардоранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG