Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ бо Ҷинтао қазияи Эронро баҳс хоҳад кард


Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ имрӯз ба хотири музокирот бо раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао озими Пекин мешавад. Фаронсаву Чин ҳарду узви доимии Шӯрои Амниятанд ва қарор аст, ду раҳбар ҳанӯз дар оғози сафари серӯзаи Саркозӣ масъалаи Эронро баррасӣ кунанд.
Кишварҳои Ғарб талош доранд, алайҳи Эрон, ки тақозои СММ ҷиҳати манъи ғанисозии ураниумро иҷро накард, таҳримоти нав эъмол кунанд. Аммо Чину Русия, ду узви доимӣ ва соҳиби ҳаққи вето дар Шӯрои Амният, ба пуштибонӣ аз таҳримоти сангинтар бар зидди Эрон зиёд моил нестанд.
XS
SM
MD
LG