Пайвандҳои дастрасӣ

Боқиевро аз масуният маҳрум карданд


Як раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон гуфт, раҳбари барканоршудаи ин кишвари Осиёи Марказӣ Қурмонбек Боқиев дар ташкили куштори ҷамъии тазоҳургарон муттаҳам мешавад. Боқиев дар пайи ошӯбҳои хунини рӯзи 7 апрел, ки мунҷар ба ҳалокати дастикам 85 нафар шуд, аз кишвар фирор кард ва феълан дар Беларус паноҳ мебарад. Азимбек Бекназаров, муовини сарвазир дар маъмурияти муваққати Қирғизистон гуфт, Боқиев ҳамчунин ба сӯъиистифода аз мақом муттаҳам мешавад ва масунияти президентии ӯ лағв шудааст.
XS
SM
MD
LG