Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Маскаву Осло бар сари баҳси баҳри Барентс


Раҳбарони Русияву Норвегия мегӯянд, бар сари шеваи тақсими манотиқи баҳсии баҳри Барентс ба тавофуқи муқаддамотӣ даст ёфтаанд. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев зимни сафараш ба Норвегия гуфт, ду ҷониб розӣ шудаанд, ки ба масъалаи аломатгузории ин марзҳои обӣ нуқтаи таммат гузошта, асноди ниҳоиро барои имзо омода кунанд.
Баҳси Норвегияву Русия бар сари баҳри Барентс, ки бистарашро саршор аз манобеъи нафту газ мегӯянд, чандин даҳсола боз идома дошт. Сарвазири Норвегия Йенс Столтенберг дар пайи мулоқот бо Медведев гуфт, тавофуқи муқаддамотӣ тақрибан 50 ба 50 тақсим кардани манотиқи баҳсии баҳри Барентсро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG