Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯёрӯиҳо дар парлумони Украина


Ҷараёни тасвиби қарордоди зиддунақизи Украинаву Русия дар мавриди то соли 2042 тамдид кардани замони ҳузури пойгоҳи баҳрии Русия дар бандари Севастополи Украина дар Верховни Рада, парлумони Украина ба беназмӣ печид. Вакилон чанд дафъа бо ҳам занозанӣ карданд ва болои сари раиси парлумон Володимир Литвин борони тухм рехт. Мухолифин дар толори парлумон ҳатто норинҷакҳои дудиро низ тарконданд, ки аз тасвиби ин қарордод ҷилавгирӣ кунанд. Аммо бо ин вуҷуд, тарафдорони раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович ба тасвиби ин созишнома дар парлумон муваффақ шуданд. Дирӯз парлумони Русия низ ин қарордодро тасвиб кард.
XS
SM
MD
LG