Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҳалли мушкили Юнон хеле дардовар хоҳад буд"


Мудири Сандуқи байналмилалии пул гуфтааст, Юнон бояд дарк кунад, ки лаҷом задани бӯҳрони молияш кори “дардовар ва пурмашаққат”-е хоҳад буд. Страусс Кан ба рӯзномаи фаронсавии La Tribune гуфтааст, Юнон бидуни кӯмаки Сандуқи пул ба як вазъи “таҳаммулнопазир” дучор хоҳад шуд.
Юнон барои имсол аз Сандуқи пул ва кишварҳои минтақаи евро 45 миллиард евро кӯмаки молӣ хостааст. Аммо кишварҳои Аврупо, ба вижа Олмон, дар иваз аз Юнон иттихози тадобири боз ҳам шадидтари молиро талаб доранд. Ин дар ҳолест, ки коҳиши маошҳо ва тарҳи наҷоти иқтисоди Юнон мояи хашму эътирозҳои мардум дар худи он кишвар шудааст.
XS
SM
MD
LG