Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Судури ҳукми эъдоми боз як фаъоли курд дар Эрон


Як фаъоли курд дар шаҳри Моҳобод, дар шимолуғарби Эрон ба эъдом маҳкум шудааст. Хабаргузории фаъолони ҳуқуқи башар мегӯяд, Ҳабибуллоҳ Гулпарипур ҳанӯз 6 моҳ қабл боздошт шуда, додгоҳи инқилоб ҳукми ӯро рӯзи панҷшанбеи гузашта содир кардааст. Вакили мудофеъи Гулпарипур гуфтааст, ки ӯро дар “душманӣ бо Худо тавассути тарғибот ва узвият дар гурӯҳи мухолифи давлат” муҷрим шинохтанд. Ӯ акнун барои тақозои таҷдиди ҳукми эъдомаш 20 рӯзи дигар фурсат дорад. Фаъолони курд мегӯянд, дар ин авохир саркӯбии гурӯҳҳои курдӣ дар Эрон шиддат гирифта, дар ҳоли ҳозир 20 фаъоли курд, аз ҷумла 2 зан – Зайнаб Ҷалолиён ва Ширин Оламҳилӣ - ба қатл маҳкум шудаанд.
XS
SM
MD
LG