Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин воксинҳои зидди фалаҷ ба Душанбе расид


Дирӯз ҳавопаймои чартерии ҳомили нахустин бастаи воксинҳои зидди полиомелит дар фурудгоҳи Душанбе нишаст. ЮНИСЕФ, Сандуқи кӯдаки СММ ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфтаанд, барои эм кардани беш аз 1 миллион кӯдаки зери синни панҷсола ба Тоҷикистон оҷилан 4 миллион воксини зидди фалаҷи атфол ироа хоҳанд кард. Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфтааст, акнун тамоми кӯдакони то панҷсола сарфи назар аз онки қаблан аз полиомелит эм шуда буданд ё на, ҳатман эм карда хоҳанд шуд.
Бино бар иттилоъи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар Тоҷикистон 128 мавриди эҳтимолии полиомелит сабт шудааст, ки дар 10 маврид мунҷар ба фавти атфол шудааст. Аммо Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон шумори тифлони фавтида бо аломатҳои чунин бемориро 11 нафар баршумурд
XS
SM
MD
LG