Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори вазорати Исроил аз сафар ба Тоҷикистон


Вазорати беҳдошти Исроил дар пасманзари хабари шуюъи бемории полиомелит, ё фалаҷи атфол дар Тоҷикистон, он шаҳрвандонашро, ки қасди мусофират ба ин кишварро доранд, ҳушдор додааст. Аз ин шаҳрвандон хоста мешавад, ки қабл аз сафар ҳатман бо табибони хонаводаҳои худ ҷиҳати эмкунӣ аз ин бемории сироятӣ машварат кунанд.
Бино бар иттилоъи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар Тоҷикистон 128 мавриди эҳтимолии полиомелит сабт шудааст, ки дар 10 маврид мунҷар ба фавти атфол шудааст. Аммо Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон шумори тифлони фавтида бо аломатҳои чунин бемориро 11 нафар баршумурд, вале афзуд, осори полиомелит танҳо дар бадани якеи онҳо ташхис шудааст.
XS
SM
MD
LG