Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар кӯчаҳои Душанбе камера хоҳанд гузошт


Имсол дар кӯчаҳои марказии пойтахти Тоҷикистон видеокамераҳои махсуси рақамӣ гузошта хоҳанд шуд. Вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон Олим Бобоев гуфт, бо кӯмаки ин камераҳо мавридҳои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шуда, ҳамчунин аз онҳо ба манзури танзими ҳаракати васоили нақлия истифода хоҳанд бурд.
Ба гуфтаи оқои Бобоев, ҳазинаи тарҳи “Шабакаҳои худкори идораи нақлиёт дар шаҳри Душанбе” 47 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 4 миллионаш кӯмаки билоиваз мебошад.
Тибқи ин лоиҳа, таҳияи харитаи электронии ҷодаҳои шаҳри Душанбе низ дар назар гирифта шудааст. Олим Бобоев гуфт, иҷрои ин барнома дар Душанбе оғози кор буда, дар оянда чунин камераҳо дар боқӣ манотиқи Тоҷикистон низ насб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG