Пайвандҳои дастрасӣ

Як гурӯҳи вижа масъалаи Душанбе-Чаноқро меомӯзад


Ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳи вижаеро таъсис додааст, ки шеваи идораи зербинои шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд-Чаноқ, танҳо шоҳроҳи пулакӣ дар ин кишварро бозбинӣ хоҳад кард. Вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон Олим Бобоев гуфтааст, ин гурӯҳ аз ҷумла ба шикоёти сокинони дараи Варзоб, ки аз пулакӣ шудани ин масир норозиянд, расидагӣ хоҳад кард.
Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 апрел истифода аз ин танҳо шоҳроҳеро, ки вилояти Суғдро бо маркази кишвар мепайвандад, пулакӣ карда, ҷамъоварии пули роҳро бар ӯҳдаи як ширкати бритониёии мавсум ба “ Инновейтив Роуд Солюшнз” гузошт.
Аммо пулакӣ шудани роҳ мояи шикоёти зиёди мардум шуд ва сокинони рустои Ҳушёрӣ дар дараи Варзоб алайҳи ин иқдом эътирозҳо низ барпо карданд.
XS
SM
MD
LG