Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси куммиссиюни "ахлоқӣ" дар Ингушистон


Дар ҷумҳурии Ингушистони Русия таҳти раҳбарии муовини сарвазири ин ҷумҳурӣ Муҳаммадсолеҳ Аушев як куммиссиюни доимии давлатӣ таъсис додаанд, ки бар матбуот назорат бурда, ҳаққ дорад ҳар расонаеро, ки “меъёрҳои қабулшудаи ахлоқӣ”-ро поймол мекунад, бубандад.
Аушев гуфтааст, ин куммиссиюн дар посух ба як силсила шикоёти мардум ва рӯҳониён дар бораи матлабҳои нашршуда дар радиоҳову телевизионҳои маҳаллӣ, ки бо арзишҳои маънавӣ ва ахолқии мардуми ингуш дар таноқуз будаанд, таъсис ёфтааст.
Аммо мухолифин дар ташвишанд, ки ин ниҳод ба як василаи дигари саркӯбии нашрияҳо ва сомонаҳои интернетии мухолифи мақомоти расмии Ингушистон табдил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG