Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёзи Душанбе ва Тошканд ба миёнарави бетараф


Артём Улуниян
Артём Улуниян

Раҳбарони Осиёи Марказӣ, яке аз паси дигар муносибати худро ба рӯйдодҳои Қирғизистон баён карданд. Маълум аст, шӯриши Қирғизистон онҳоро хуш наомадааст, вале оё он ба равобити байни кишварҳои минтақа таъсире хоҳад дошт?

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро аз расми ифтитоҳи анҷумани байнулмилалии расонаҳои ахбори ом ё Медиа-Форум рӯзи 27-уми апрел дар Алмато гуфт, дар Қирғизистон на инқилоб, балки роҳзании комил ба вуқӯъ пайваст.

Пештар, раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов20-уми апрел дар Маскав гуфт, ин рӯйдодҳои ба манфиати ҳеҷ касе дар Узбакистон ё минтақа набудаанду нестанд.

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ шанбеи 24-уми апрел гуфт, рӯйдодҳои Қирғизистон мардуми кишварашро нигарон накарда наметавонанд. Вай зикр кард, ки мардуми Тоҷикистон чунин воқеаҳоро аз сар гузарондааст ва қимати онҳоро хуб мешиносад.

Аз ин баёнияо то андозае мешавад, дарк кард, ки шӯриш дар Қирғизистон ва фирори раҳбари собиқи ин кишвар Қурмонбек Боқиев ба раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ чӣ таъсир гузоштаанд.

Артём Улунян, профессори таърих ва коршиноси аршади масоили сиёсиву иқтисодии Осиёи Марказиву Қафқоз дар Пажӯҳишгоҳи таърихи ҷаҳон дар Маскав дар ин бора чунин мегӯяд:

"Ман фикр мекунам, рӯйдодҳои Қирғизистон ба тарзи тафаккури сарварони Осиёи Марказӣ таъсири амиқ доштааст ва на танҳо дар мавриди равобити онҳо бо ҳамдигар, балки ҳамчунин дар мавриди вазъи дохилисиёсии кишварҳои онҳо. Барои намуна, бо вуҷуди ҳама гуна сӯҳбату шиорҳои расмӣ дар Қазоқистон мулоқоти мансабдорони давлат ва фаъолони ҷумбишҳои ҷавонон баргузор шуд."

Савол: Вале зери ибораи "тағйир дар шеваи тафаккур" чиро дар назар доред ва то куҷо ин таъсир ба муносибатҳои байни кишварҳо, масхусан Тоҷикистону Узбакистон рабт мегирад?


"Эҳсос мешавад, ки сарони ин кишварҳо на танҳо аз сарнавишти кишварҳои худ ба андеша мераванд, балки ба сарнавишти худ низ фикр мекунанд. Дар масъалаи муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон муносибатҳо бад буданд, шукри худо, ҷанг ба он маъно набуд, ки ҳоло сулҳ сар шавад, аммо як навъ наздикӣ ва ҳамраъйӣ ҳис мешавад, Ҳам президенти Тоҷикистон Раҳмон ва ҳам президенти Узбакистон Каримов ҳоло манфиатдоранд, ки дар кишвари онҳо як эътидоли муайян устувор бошад, зеро на танҳо нерӯҳои дохилӣ, балки беруна низ метавонанд, аз бисёр масъалаҳои сиёсии онҳо ба манфиати худ истифода баранд, онҳоро доғ кунанд, то бо ин ё он роҳ ба ин кишварҳо таъсир расонанд."

Савол: Дар ҳоле ки ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Узбакистон мушкилоти мавҷудаи муносибатҳоои худро баррасӣ мекунанд, бархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ин кофӣ нест ва мушкилоти байни ду кишварро танҳо мулоқоти чашм ба чашми ду президент ҳал карда метавонад. Назари Шумо чист?


"Ман фикр мекунам, ки бояд ин ҷо як масъалаи дигарро ҳам ба назар гирифта шавад. Яъне мулоқоти чашм ба чашми ду президент низ чизи зиёде дода наметавонад. Дар чунин мулоқот бояд намояндагони ҷомеаи Авруатлантик ва махсусан бахши аврупоии он низ ширкат кунад. Зеро маҳз бо миёнаравии аврупоиҳо, ки на танҳо ба суботи Тоҷикистону Узбакистон, балки ба эътидол дар ҳамаи Осиёи Марказӣ манфиатдоранд, метавон ба ҳалли ду масъалаи асосӣ даст ёфт. Аввлан, масъалаи оби минтақа ва дувум, энергетика. Агар ҷомеаи Авруатлантик ин ҷо миёнаравӣ кунад, бе ягон шубҳа, чунин мулоқот натиҷа хоҳад дод."
XS
SM
MD
LG