Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолияти "Славянский союз" манъ карда шуд


Додгоҳи шаҳри Маскав фаъолияти созмони миллатгарои “Славянский союз”-ро ифротгароёна хонд ва онро манъ кард. Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, ба ин васила додгоҳ дархости додситонии Маскавро пазируфтааст.
Раҳбари “Славянский союз” Дмитрий Демушкин изҳор намуд, ки аз болои ин ҳукм ба Додгоҳи Олии Русия шикоят мебарад. “Славянский союз” аз созмонҳои миллатгарои Русия аст, ки аъзояш дар хушунат алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ даст доранд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ин созмон, аз ҷумла, дар ташкили тақрибан даҳ инфиҷор дар шаҳри Санкт-Петербург айбдор мешавад. Таркишҳо дар ҷойҳои зисту кор ва истироҳати шаҳрвандони кишварҳои собиқ шӯравӣ рух дода буданд.
XS
SM
MD
LG