Пайвандҳои дастрасӣ

Австрия Рамазон Қодировро дар куштор айбдор мехонад


Полиси Австрия изҳор намуд, ки раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров барои рабудани як фирории чечен аз шаҳри Вена шахсан фармон дода буд ва бар асари он куштор рух дод. Герҳард Ярош, намояндаи додситонии Вена, рӯзи сешанбе гуфт, ки даст доштани Рамазон Қодиров дар куштори Умар Исроилов дар моҳи январи соли 2009 дар пойтахти Австрия муқаррар шудааст. Ярош бо такя ба иттилоъи полис гуфт, ки дар аввал Қодиров на куштор, балки рабудани муҳофизи собиқаш Умар Исроиловро тарҳрезӣ карда буд. Умар Исроилов, ки соли 2004 дар Австрия панаҳ бурда буд, раҳбари Чеченистонро дар боздоштҳои ғайриқонунӣ ва шиканҷаи маҳбусон муттаҳам мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG