Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додик: Куштор дар Сребренитса наслкӯшӣ набуд


Мардуми Ҷумҳурии сербҳои Боснӣ куштори ҳазорҳо мусалмонҳо дар шаҳри Сребренитсаро ҳеҷ гоҳ ҳамчун “наслкӯшӣ” ё “генотсид” эътироф нахоҳанд кард. Изҳороти сарвазири Ҷумҳурии сербҳои Боснӣ Милорад Додик дар ин бора рӯзи сешанбе дар сӯҳбаташ бо рӯзномаи “Вечерние новости”, чопи Белград, нашр шудааст. Ҷумҳурии сербҳои Боснӣ - як бахши Боснӣ ва Ҳерсеговина маҳсуб мешавад. Додик гузориши шаш сол қабл нашркардаи ҳукумати Ҷумҳурии сербҳои Босниро, ки дар он куштори оммавӣ дар Сребренитса тайид ва аз пайвандони қурбониён узр хоста шудааст, рад кард.
Куштори тақрибан 8 ҳазор мардҳову наврасони мусалмон дар шаҳри Сребренитса дар соли 1995 аз сӯи Додгоҳи байнулмилалии СММ оид ба ҷиноёти низомӣ чун наслкӯшӣ эътироф шудааст.
XS
SM
MD
LG