Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 13 толиб дар Оракзай


Бар асари задухурд ва ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомӣ дар минтақаи Оракзай, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, 13 тан аз толибон ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, дар ин ҷо ҳамчунин 5 тан аз мусаллаҳони мухолифи ҳукумат дастгир шуданд. Ва аммо ин иттилоъ ҳанӯз аз сӯи манобеъи мустақил тайид нашудааст.
Шурӯъ аз миёнаҳои моҳи март нерӯҳои ҳукуматии Покистон амалиёти низомӣ алайҳи толибонеро идома медиҳанд, ки аз Вазиристони ҷанубӣ фирор карда, дар минтақаи Оракзай панаҳ бурдаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG