Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Тоҷикистон ва Узбакистон анҷом шуд


Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Рустам Азимов, муовини сарвазири Узбакистон. Акс аз хазина
Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Рустам Азимов, муовини сарвазири Узбакистон. Акс аз хазина

Истифодаи захоири оби Осиёи Марказӣ ва баста будани роҳи оҳани Тирмиз - Хатлон мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тошканд будааст. Ин музокирот ба поён расидааст, аммо роҷеъ ба натиҷаи он чизе маълум нест.

Субҳи рӯзи сешанбе, 27-уми апрел, музокираи дуҷонибаи Душанбе ва Тошканд ба кор оғоз кард ва дар ҳамин рӯз ба поён расид.

Зафар Раҳимҷонов, консули сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, ҳайатҳои ду кишвар дар Тошканд ба баррасии чор масъала пардохтаанд: “Онҳо ҳамкориҳои иқтисодии миёни Тоҷикистону Узбакистонро баррасӣ карда, ба мушкили интиқоли молу коло тавассути роҳи оҳан низ расидагӣ хоҳанд кард, ки аз тариқи Узбакистон ба вилояти Хатлон мерасад. Ҳамчунин, ин ҳайатҳо дар бораи истифодаи одилона аз захоири оби Осиёи Марказӣ ҳам сӯҳбат хоҳанд кард”.

Зафар Раҳимҷонов гуфт, ҷониби Узбакистонро дар ин музокира Рустам Азимов, муовини нахуствазири ин кишвар, намояндагӣ кардааст.

Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистонро муовини нахуствазири кишвар Муродалӣ Алимардон роҳбарӣ мекард.

Ҳайати Тоҷикистон шоми 26-уми апрел, вориди Тошканд шуд ва ба он Абдулло Ёров, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, Раҳмат Бобокалонов, вазири об ва обёрӣ, Маҳмудҷон Собиров, муовини вазири умури хориҷӣ ва Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", шомиланд.

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки аз ду моҳ ба ин сӯ, дар нақли вагонҳои Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистон мушкил пеш омадааст. Ва наздики ду ҳазор вагони ҳомили борҳои мухталиф Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон банд мондаанд.

Узбакистон пеш омадани чунин вазъро, бахусус, дар роҳи оҳани Термиз-Амузан як мушкили фаннӣ унвон карда ва гуфтааст, роҳҳои оҳанаш имкони нақли ин вагонҳоро надорад.

Як корманди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ба “Озодӣ” гуфт, то ҳоло дар бораи натиҷаи музокираи ҷонибҳо дар Тошканд иттилое рӯйи даст нест.

Вале ӯ омадани ҳайъати Тоҷикистон ба Узбакистонро “фоли нек” донист ва гуфт, ки ин ҳайъат дар музокира бо ҳамтоҳои узбаки худ ба дастовардҳое ноил хоҳанд шуд: “Ин музокира тоза оғоз ёфт. Дар бораи дастовардҳои феълии ин музокира чизе гуфта наметавонам. Вале омадани худи ҳайъат як пешрафт дар муносиботи мо аст. Уммед дорем, ки мушкилҳо роҳҳали худро меёбанд”.

Ва дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ҳукумати Тоҷикистон шоми рӯзи сешанбе ҳайати Тоҷикистон ба Душанбе бархоҳад гашт ва роҷеъ ба натиҷаи ниҳоии музокираи дуҷониба ба матбуот иттилоъ дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG