Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тухмандозӣ дар порлумони Украина


Толори порлумони Украина қабл аз раъйдиҳӣ барои тасвиби созиши баҳсбарангез оид ба тамдиди замони будубоши Флоти Русия дар баҳри Сиёҳ то соли 2042, ба саҳнаи бенизомиҳо табдил шуд. Мухолифон ба сӯи раиси маҷлис тухм андохтанд.

Миёни вакилон бархӯрд ба амал омад ва вакилони мухолифи ҳукумат сӯи раиси порлумон Владимир Литвин тухм андохтанд ва ӯ маҷбур шуд, ки аз ин ҳамла пушти чатрҳо панаҳ барад. Дар толор пас аз инфиҷори норинҷаки дудзо тумани ғафси сафед боло шуд.

Бо вуҷуди ин бенизомиҳо, вакилон аз Эътилофи раисиҷумҳур Виктор Янукович созиш дар бораи тамдиди будубоши Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қрим то соли 2042-ро тасвиб карданд.

Раиси Верховная Рада Володимир Литвин натоиюи раъдиҳиро зери садои ҳуштаккашиву кафкубиҳо эълон кард: “Тарафдор 236 нафар. Қарор қабул шуд. Диққат кунед, лутфан. 236 нафар тарафдор, қарор қабул шуд”.

Баъд аз камтар як соат Думаи давлатии Русия низ созиш дар бораи тамдиди будубоши Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қримро тасвиб кард.

Мухолифини ҳукумати феълии Украина, раисиҷумҳури пешин Виктор Юшенко ва сарвазири собиқ Юлия Тимошенко ба ҳузури пойгоҳи баҳрии Русия дар қаламрави Украина мухолифанд ва талош доштанд, ки баъд аз анҷоми созиши феълӣ, яъне, соли 2017, Флоти баҳри Сиёҳи Русия аз хоки кишвар берун шавад.

Юлия Тимошенко рӯзи сешанбе тасвиби созиши навро чун “саҳифаи сияҳ дар таърихи Украина” арзёбӣ кард.

Ӯ дар як гирдиҳамоии бузург дар канори бинои Верховная Рада аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки барои лағви созиши тамдиди будубоши Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қрим талош кунанд. Тимошекно гуфт, ки мухолифон рӯзи 11 май алайҳи ин созиш ва тасвиби он аз сӯи Верховная Рада дар канори бинои парлумон гиридиҳамоӣ доир мекунанд ва хостори интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ мешаванд.

Юлия Тимошенко афзуд: “Мо муташаккилона ва бо ҳадафи рӯшан ба ин ҷо меоем, пеш аз ҳама барои талаби интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ. Агар нерӯҳои ватандӯст ва демократии Украина ҳар фардро барои раъй додан моил созанд, агар мо барои раъй додан ба хотири дифоъ аз Украина омодаем, пас мо метавонем дар парлумон аксарият бо беш аз 300 раъйро дошта бошем”.


Драка в Верховной Раде Украины
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00
Линки мустақим



Зимнан, рӯзи сешанбе ҳазорон ҷонибдорони созиш дар бораи тамдиди будубоши Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қрим то соли 2042 ҳам дар назди бинои парлумон ҷамъ омада буданд.

Қарордод дар бораи боз 25 соли дигар тамдид кардани ҳузури Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қрим 21 апрел аз сӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва ҳамтои украинаш Виктор Янукович имзо шуда буд. Русия ӯҳдадор шуд, ки ба ивази тамдиди ин созиш қимати газро барои Украина 30 дар сад пойин мебарад.

Имрӯз Владимир Путин, сарвазири Русия, баъд аз вуруд ба Киев изҳор намуд, ки аз мухолифат ба тамдиди будубоши Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қрим то соли 2042 ҳайрон аст, зеро ҳукумати Юлия Тимошенко аз ин иқдом пуштибонӣ мекард.

Флоти баҳри Сиёҳи Русия ҳанӯз аз қарни 18, аз замони ҳукумати малика Екатерина, дар нимҷазираи Қрим мустақар аст. Ва аммо баъд аз суқути шӯравӣ ва дарёфти истиқлол аз сӯи Украина, Маскав барои фаро хондани Флоти баҳри Сиёҳ дар соли 2017 розӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG