Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, рӯзи 27-уми апрел зимни суханронӣ дар Форуми матбуотии АврОсиё дар Алмаато бори дигар дар мавриди ҳаводиси Қирғизистон изҳори назар кард.

Оқои Назарбоев гуфт: “Чанд рӯзи пеш тамоми дунё бори дигар шоҳиди ҳаводиси фоҷеабор дар Қирғизистон шуд. Ин инқилоб нест, ин як роҳзании тамомаёр аст. Инқилоб таҳаввулоти соли 1917 -ро мегӯянд, ки бар асоси он низоми сармоядорӣ ба сотсиалистӣ табдил шуд. Аммо ин ҷо табдили як гурӯҳи ҳоким ба гурӯҳи дигар ва ба ин тартиб мубориза барои қудрат аст”.

Раыбари Қазоқистон таъкид кард, ки омили чунин бесуботиҳо сари вақт ҳал нагардидани масоили марбут ба беҳбуд бахшидани вазъи зиндагии мардум аст. Оқои Назарбоев иброз дошт, таи панҷ сол дар ин кишвар (Қирғизистон) ду бӯҳрони ҷиддии сиёсӣ рух дод ва онҳо собит карданд, ки агар масоили беҳбуди зиндагии мардум, амнияти аҳли ҷомиа ва тавофуқи милливу мазҳабӣ сари вақт ҳал нагарданд, онҳо ногузир ба нооромиву бесуботӣ меоранд.

Нурсултон Назарбоев афзуд, ки кишвараш чун сарвари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои раҳоӣ аз бӯҳрони мавҷуда ба кишвари ҳамсоя ёрӣ хоҳад расонд.

Дар ҳоли ҳозир Қазоқистон раёсати даврии Сомони Амният ва Ҳамкории Аврупоро бар дӯш дорад. Қабл аз ин ҳам Нурсултон Назарбоев дар мавриди ҳаводиси Қирғизистон изҳори назар намуда ва гуфта буд, ки Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури сарнагуншудаи Қирғизистон бо мусоидати ӯ аз кишвараш хориҷ шудааст.

Назарбоев хориҷ шудани Боқиев аз Қирғизистонро амре муҳим дар бозгашти субот ба ин кишвар номида буд.

Қурмонбек Боқиев баъди ҳаводиси 7 ва 8 -уми апрел дар Бишкек ба ҷануби Қирғизистон ва баъди як ҳафта аз он ҷо ба кишвари ҳамсояи Қазоқистон рафт. Ӯ феълан дар шаҳри Мински Белорус ба сар мебарад.

Аз сӯи дигар, Девид Меркел, муовини собиқи ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масоили Аврупо ва АврОсиё, ки дар Форуми матбуоти АврОсиё ширкат дошт, омили асосии сар задани нооромиҳо дар Қирғизистонро марбут ба поин рафтани сатҳи озодӣ дар кишвар ва адами масъулияти сарварон донист.

Ба андешаи ӯ рӯйдодҳои Қирғизистон барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сабақе хоҳад гардид. Оқои Меркел афзуд, ҳокимият барои бароварда сохтани хостаҳои мардум масъулият бар дӯш дорад.

Аз ин хотир, ҳокимият ба ҳама арзишҳои инсонӣ ва хостаҳои мардум бояд эҳтиром дошта бошад ва ба он арҷ гузорад.




Форуми матбуоти АврОсиё бидуни Тоҷикистон

Дар ҳамоиши расонаҳои хабарии АврОсиё , ки бори нӯҳум дар Алмаато доир мегардад, ин навбат ширкатдорон атрофи нақши Қазоқистон чун сарвари даврии Созмони Амният ва Ҳамкори Аврупо, барномаи ҳастаии Эрон, танзими интернет ва озодии расонаҳои хабарӣ ва соири мавзӯъҳо табодули назар менамоянд.

Вале дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни ҳамоиш бархе аз рӯзноманигорон ва аҳли фарҳанги Қазоқистон ин анҷуманро чун тадобири беҳуда арзёбӣ карданд.

Аз ҷумла, мусаввир Канат Иброҳимов дар долони меҳмонхонаи “Интерконтинентал”, ки он ҷо ҳамоиш ҷараён дорад, барномаи вижаи кӯтоҳеро намоиш дод ва ин ҳамоишро «сухани бисёр як харро бор» унвон кард.

Ҳамоиши нуҳуми расонаҳои хабарии АврОсиё, ки дар он беш аз 350 намояндаи 37 кишвар ширкат доранд, ду рӯз идома хоҳад кард.

Ин навбат дар ҳамоиши матбуоти АврОсиё бо сабабҳои номаълум намояндагони расонаҳои хабарии Тоҷикистон ширкат накарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG