Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони СММ Қандаҳорро тарк мекунанд


Созмони Милали Муттаҳид дар бораи кор гирифтан аз чораҳои муваққатӣ барои дифоъ аз кормандонаш дар шаҳри Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, хабар дод. Сюзан Мануэл, намояндаи СММ гуфт, бар асари ноором шудани авзоъ дар Қандаҳор як теъдод аз кормандон ба Кобул интиқол меёбанд. НАТО нақша дорад, ки тобистони соли равон дар Қандаҳор амалиёти густурдаи низомӣ алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон”-ро доир кунад. Қандаҳор яке аз такягоҳҳои аслии толибон дар Афғонистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG