Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко алайҳи тамдиди ҳузури Флоти Русия дар Қрим


Раҳбари мухолифини Украина Юлия Тимошенко аз ҷонибдорони худ хост, ки барои лағви созиши тамдиди будубоши Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қрим талош кунанд. Сарвазири пешини кишвар тасмим гирифтааст, ки рӯзи 11 май алайҳи ин созиш ва тасвиби он аз сӯи Верховная Рада дар канори бинои парлумон гиридиҳамоӣ доир кунад.
Рӯзи сешанбе парлумонҳои Украина ва Русия созиш дар бораи тамдиди будубоши Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қрим то соли 2042-ро тасвиб карданд. Дар Думаи давлатии Русия ба ин санад 410 вакил раъй доданд. Дар Верховная Радаи Украина аз созиш 236 вакил пуштибонӣ карданд. Қабл аз оғози раъйдиҳӣ дар парлумони Украина мухолифини ҳукумат сӯи раиси Верховная Рада тухми палағда партофтанд. Дар канори бинои парлумон гирдиҳамоии ҷонибдорон ва мухолифини созиш идома дорад. Санади тамдиди будубоши Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қрим то соли 2042 ҳафтаи гузашта аз сӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва ҳамтои украинаш Виктор Янукович имзо шуда буд.
XS
SM
MD
LG