Пайвандҳои дастрасӣ

Боқиев дар куштори оммавӣ айбдор мешавад


Ба раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар ғайбаш иттиҳоми даст доштан дар куштори оммавӣ эълон шуд. Муовини раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон Азимбек Бекназаров дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек гуфт, ки дар ҷараёни бозрасии парвандаи ҷиноӣ шояд Боқиев дар дигар ҷиноёт, аз ҷумла, сӯиистифода аз мақом ҳам айбдор шавад.
Имрӯз ҳукумати муваққати Қирғизистон санадеро пазируфт, ки тибқи он Қурмонбек Боқиев аз мақоми дахлнопазирӣ ҳамчун раҳбари пешини кишвар маҳрум шудааст. Азимбек Бекназаров афзуд, қарор аст, ки рӯзҳои наздик аснод дар бораи истирдоди раисиҷумҳури барканоршуда ба мақомоти Белорус фиристода шавад.
Қурмонбек Боқиев айни ҳол бо даъвати раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко дар Минск ба сар мебарад. Аз ин пеш ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, то замоне, ки парлумон истеъфояшро напазируфтааст, ӯ сарвари Қирғизистон боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG