Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ҳомиёни ҳуқуқи башар аз вазъи Ироқ


Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз вазъи дар Ироқ баъд аз интихоботи парлумонии рӯзи 7 март ба вуқӯъпайваста изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба навиштаи созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал, баҳсҳо атрофи натоиҷи интихобот ва ихтилоф миёни нерӯҳои гуногуни сиёсӣ боиси афзоиши хушунат дар кишвар ва мунҷар ба ҳалокати мардуми осошта шудаанд. Дар гузориши Amnesty International гуфта шудааст, ки фақат дар як ҳафтаи аввали моҳи апрел бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар Ироқ беш аз сад нафар ба ҳалокат расиданд.
Рӯзи душанбе Комиссиюни миллии интихоботии Ироқ пирӯзии 52 номзад ба вакилии парлумон дар шаҳри Бағдодро бо баҳонаи робитаашон бо ҳизби мамнӯъи “Баас” лағв кард. Баъд аз ин тасмим мавқеъҳои ду эътилофи парлумонӣ, ки ба онҳо сарвазири феълӣ Нурӣ ал-Моликӣ ва раиси пешини ҳукумат Иёд Алловӣ сарварӣ мекунанд, тақрибан баробар шуд.
XS
SM
MD
LG