Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби санади баҳсбарангез аз сӯи парлумонҳо


Парлумонҳои Украина ва Русия созиш дар бораи тамдиди будубоши Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қрим то соли 2042-ро тасвиб карданд. Дар Думаи давлатии Русия ба ин санад 410 вакил раъй доданд. Дар Верховная Радаи Украина аз созиш 236 вакил пуштибонӣ карданд. Қабл аз оғози раъйдиҳӣ дар парлумони Украина мухолифини ҳукумат сӯи раиси Верховная Рада тухми палағда партофтанд. Дар канори бинои парлумон гирдиҳамоии ҷонибдорон ва мухолифини созиш идома дорад. Санади тамдиди будубоши Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қрим то соли 2042 ҳафтаи гузашта аз сӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва ҳамтои украинаш Виктор Янукович имзо шуда буд. Мухолифини Украина аз ин созиш интиқод карданд ва гуфтанд, ки, тибқи қавонини кишвар, баъд аз соли 2017 дар кишвар набояд ягон пойгоҳи низомии хориҷӣ боқӣ бимонад.
XS
SM
MD
LG