Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи милисаҳо бо иттиҳоми "одамкушӣ"


Додситонии Суғд алайҳи 2 корманди шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар Исфара – Манучеҳр Акбаров ва Шокиров Фирдавс бо иттиҳоми одамкушӣ мутобиқи банди 104 – и Асноди ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст.

Бар пояи маълумоти идораи корҳои дохилии Суғд, ин ду корманди интизомӣ як сокини ноҳияи Исфара,Усмон Бобоевро моҳи феврал баъд аз бозгашташ аз муҳоҷирати Русия ба гумони ҳамдастӣ бо ҲИУ боздошт намуда, ба идораи ниҳоди мазкур, ба Хуҷанд меоранд ва ҳамон рӯз ҷисми беҷони ӯро ба оилааш месупоранд.

Волидайни Усмон Бобоев даъво доранд, ки фарзандашон зери зарбу лат мурдааст ва дар ин маврид ба идораву ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Як сокини ин маҳал дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, хешовандон ва ҳамсояҳо дар ҷисми мақтул аломатҳои зӯроварӣ, зарбу лат дидаанд. Вай афзуд, аз ҷумла як дасти вай сӯхта, пушти сараш варам карда буд.

Ба гуфтаи ин мусоҳибам, Усмон Бобоев – ҷавонмарди аз 30 сола болои исфарагӣ дар шаҳри Маскави Русия машғули тиҷорат буд ва моҳи феврал ҳамроҳи бародараш барои дидори волидайн ба зодгоҳаш омада буд .

Аммо мақомоти интизомии Суғд сабаби марги вайро на аз зарбу лат, балки нафасгиршавӣ аз беморӣ меноманд.

Рауф Юсупов, сардори раёсти корҳои дохилии Суғд гуфт, ки ташхиси мутахассисин дар ҷисми Усмон Бобоев нишонаҳои шиканҷаро ошкор насохтааст. Ба гуфтаи вай, вақти пурсиш ногаҳон забони Бобоев фурӯ рафта, то расидани ёрии таъҷилии тиббӣ ҷон медиҳад.

Генерал Юсупов афзуд, даъвое, ки Усмон Бобоевро боз 4 милисаи шуъбаи 6 -ум мавриди азияту шиканҷа қарор додаанд, асос надорад. Зеро номбурдаро танҳо 2 милисаи ҳоло боздоштгардида мавриди истинтоқ қарор додаанд.

Бо дастури Додситонии кулл барои таҳқиқи ин қазиа як гурӯҳи вижа машғул шудааст ва таҳқиқи парвандаро додситонии Суғд пеш мебарад .

Ду милисаи гумонбар дар ин марги мармуз аз вазифа барканор ва замони тафтиши парванда ба ҳабс андохта шудаанд.

Дар чаҳор соли қабл, як узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ дар Исфара низ боздошт шуда ва аз шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳия ҷасадашро ба манзилаш бурда буданд.

Мақомоти пулис гуфта буданд, Саъдулло Маъруфов, узви фаъоли ҲНИТ дар Исфара худро аз табақаи саввуми бинои ШКД-и ноҳия берун партофта, худкушӣ карда буд. Вале наздикони ӯ ва ҳамҳизбиёнаш гуфта буданд, ба қавли мақомот бовар надоранд ва он маргро маҷбурӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG