Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба тасвиби муомилаи Киеву Маскав


Интизор меравад, имрӯз парлумонҳои Украинаву Русия қарордоди то соли 2042 тамдид кардани замони иҷораи пойгоҳи баҳрии Русия дар нимҷазираи Қрими Украинаро тасвиб кунанд. Раисони ин ду ҷумҳурӣ Виктор Янукович ва Дмитрий Медведев қарордоди тамдиди ҳузури флоти Русия дар бандари Севастополро рӯзи 21 апрел имзо карда буданд. Украина дар иваз барои гази Русия 30 дарсад тахфиф гирифт.
Тайи рӯзҳои охир ҷонибдорони раисиҷумҳури собиқ Виктор Юшенко ва сарвазири пешин Юлия Тимошенко алайҳи ин муомила даст ба эътирозҳои сиёсӣ зада, гуфтаанд, дар парлумон ба таври ҷисмонӣ талош хоҳанд кард, монеъи тасвиби ин қарордоди , ба бовари онҳо, “зидди манофеъи миллии Украина” шаванд.
XS
SM
MD
LG