Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои кӯмаки сареъ ва қотеъ ба Юнон


Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо хостори иқдоми сареъ ва қотеъ ба хотири муқобила бо ҳаннотоне шуданд, ки вазъи бӯҳронии иқтисоди Юнонро асбоби тиҷорат дар бозорҳои байналмилалӣ қарор додаанд. Юнон рӯзи ҷумъа аз ИА ва Сандуқи байналмилалии пул тақозои 45 миллиард евро, ё худ қариб 60 миллиард доллар, кӯмаки молӣ кард.
Аммо садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфтааст, дар амри пайдо кардани роҳи ҳалли бӯҳрони қарзҳои Юнон ба музокироти Сандуқи пул ва ИА умед мебандад. Олмон бузургтарин иқтисоди ИА буда, интизор меравад, беш аз 8 миллиард евро аз ҷамъи кӯмакҳо ба Юнонро бар дӯши худ бигирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG