Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд


Як ҳайати давлатии Тоҷикистон таҳти раҳбарии муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон ба хотири ширкат дар иҷлосияи навбатии куммиссиюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон ба Тошканд рафтааст. Қарор аст, Муродалӣ Алимардон бо муовини нахуствазири Узбакистон Рустам Азимов низ мулоқот кунад. Ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин Абдулло Ёров, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, Раҳмат Бобокалонов, вазири обу обёрӣ, Маҳмудҷон Собиров, муовини вазири хориҷа ва Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати роҳи оҳан шомил буда, интизор меравад, дар иҷлосияи Тошканд масоиле, чун банд мондани ҳудуди 2000 вагони Тоҷикистон дар Узбакистон ва ҳамчунин масоили обу газ ва транзити нирӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути Узбакистон баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG