Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони СММ дар "оташи дӯстона" ҷон бохтаанд


Гузориши дирӯз нашршудаи СММ мегӯяд, 4 тан аз 5 корманди дар ҷараёни як ҳамлаи соли гузашта ба қароргоҳи Милали Муттаҳид дар Кобул кушташудаи ин созмон эҳтимолан аз тири нирӯҳои амниятии Афғонистон ҷон бохтаанд.
Гузориш бидуни қазовати қотеъ мегӯяд, шавоҳиде дар даст ҳаст, ки ба имкони аз “оташи дӯстона”-и нирӯҳои афғон кушта шудани 4 корманди СММ далолат мекунад.
Ҳамлаи се силоҳбадасти либоси пулиси Афғонистон дар тан ба қароргоҳи СММ дар Кобул рӯзи 28 октябри соли гузашта сурат гирифта буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG