Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ бархе кормандонашро аз Қандаҳор берун мекашад


СММ теъдоде аз кормандонашро аз шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон берун кашида, аз кормандони маҳаллиаш хостааст, ба иллати бад шудани вазъи амниятӣ аз манзилҳои худ берун нараванд. СММ аммо гуфт, нақшаи хуруҷи ходимонаш аз Афғонистонро надорад. Вазъи амниятӣ дар Қандаҳор тайи ҳафтаҳои ахир рӯ ба вахомат овардааст. Рӯзи душанбе бар асари ҳамла ба корвони пулис дар Қандаҳор ду раҳгузар кушта ва якеи дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG